Хабарҳо
Боздиди ректори донишгоҳ Ҳ. Абдуалимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои таълимӣ
Роҳбарияти донишгоҳ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои таълимии ДДМИТ дидан намуд. Ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода дар ҷараёни боздиди корҳо ба сохтмончиёну коргарон супоришҳои мушаххас дода, бештар ба масъалаҳои ҳолати босуръат тезонидани корҳои сохтмонӣ, дастрас ва таъминоти таҷҳизоти хушсифат, инчунин, сабзу хуррамгардонии гирду атроф таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ҳакимбек Абдуалимзода зикр намуд, ки бинои таълимии мазкур дар соли нави хониши 2022-2023 дар арафаи ҷашни умумимиллии 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Қайд карда шуд, ки синфхонаҳои ин бинои таълимӣ бо васоити техникии таълимии муосир ҷиҳозонида мешаванд.
Ректор бо ёдоварӣ аз таъкидҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз дошт, ки иншооти мазкур бо усули замонавӣ ва бо назардошти санъати баланди меъморӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд мегардад.
Наврўз Ҷобиров