Хабарҳо
Сафари ҳайати Вазорати молияи Ҷумҳурии Узбекистон ба ДДМИТ: ҳадаф шиносоӣ ва табодули таҷриба
Рӯзи 14-уми июли соли 2022 ҳайати баландпояи Вазорати молияи Ҷумҳурии Узбекистон, таҳти роҳбарии муовини вазири молияи ин давлат Дилшод Султонов бо мақсади таҳияи дурнамои рушди ҳамкориҳо, табодули таҷриба ва таҳсил дар донишгоҳҳои олии тахассусӣ ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд.
Нахуст, Баҳром Сафаров, муовини ректори ДДМИТ оид ба илм ва инноватсия сафари шарикони хориҷиро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, дар бораи ин муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат мухтассар маълумот дод.
Ба андешаи муовини ректор, ДДМИТ дар самти робитаҳои байналмилалӣ таҷрибаи бой дошта, айни замон доираи ҳамкориҳо ва самтҳои татбиқи барномаи мубодилаи донишҷӯён ва мубодилаи академӣ васеъ гардидааст. Донишгоҳ бо зиёда аз 120 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмию тадқиқотӣ созишномаҳои дутарафа дорад, ки яке аз онҳо Маркази таълимии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Узбекистон мебошад. Ҳамасола дар доираи созишномаҳо, даъватнома ва ё грантҳо устодони ҷавон ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла ба ин ҳамсоякишвар сафар намуда, аз курсҳои омӯзишӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мегузаранд. Ҳамчунин, устодони ДДМИТ ба ин ҷумҳурии шарики стратегии Тоҷикистон сафар намуда, ба мутахассисони ҷавон таҷриба меомӯзонанд.
- ДДМИТ муассисаи давлатӣ буда, муассиси он Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои соҳаҳои гуногуни низоми молиявию иқтисодӣ дар сатҳи баланд мутахассис омода менамояд. Дар ҳайати он 6 факултет ва 24 кафедра фаъолият менамояд, - афзуд Баҳром Сафаров.
Номбурда, ҳамзамон, дар бораи фаъолияти илмию тадқиқотӣ, омӯзиш ва таълим, фаъолияти байналмилалӣ, сатҳи сифати таҳсилот ва донишазхудкунии донишҷӯён ва ғайра сухан ронд. Сипас, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Узбекистон Дилшод Султонов аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, ин вохӯриро баҳри таҳкими ҳамкориҳо муфид арзёбӣ намуд.
- Вазифаҳои асосии Вазорати молияи Ҷумҳурии Узбекистон аз ҳисоб кардани тавозуни молиявии ҷумҳурӣ, таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ, такмили системаи андоз ва тақсимоти молия ба самтҳои афзалиятнок, инчунин назорати истифодаи оқилонаи маблағҳо иборат мебошад. Ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат рушд мекунад, ки ин равобит муносибатҳои вазоратҳои молияро ба сатҳи сифатан нав ворид месозад, - гуфт Дилшод Султонов.
Пас аз мулоқоти судманд намояндагони давлати ҳамсоя аз студияи таълимӣ, маркази такмили ихтисос, маркази тестӣ ва китобхонаи илмии донишгоҳ дидан намуданд.
Ҷонибҳо дар охир таъкид доштанд, ки ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳо тамоми чораҳо роҳандозӣ гардида, омодаанд минбаъд низ дар доираи шартномаҳо барои таҳсили донишҷӯён шароит фароҳам оваранд.
Наврӯз Ҷобиров