Хабарҳо
Баррасии фаъолияти ДДМИТ дар назди рӯзноманигорон
Рӯзи 20-уми июни соли ҷорӣ дар ДДМИТ нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорони зиёди васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ доир гардид ва раёсат оид ба фаъолияти таълимгоҳ иттилоъ дод.
Ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода сараввал дар бораи дастовардҳои донишгоҳ дар соли сипаригардида ибрози назар карда, афзуд, ки дар соли ҷорӣ низ ДДМИТ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи чаҳорумро соҳиб гашт, ки ин мақоми баланд аст ва донишгоҳ чандин сол аст дар қатори панҷгонаи аввал қарор дорад. Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2022 82 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуданд; Шӯрои диссертатсионии 6DКОА-014 бо ҳуқуқи ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ аз рӯи се ихтисос ба фаъолият шуруъ кард, ки 80% он аз ҳисоби олимони муассиса ташкил ёфтааст; дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 16 номгӯй китоби дарсӣ барои ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ таҳия шудааст; 4 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд; дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ бо 6 муассисаи олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид; дар доираи лоиҳаи грантӣ дар донишгоҳ озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии “Иқтисодиёти рақамӣ” ифтитоҳ гардид, ки он имконият медиҳад минбаъд раванди рақамикунонии фанҳои таълимӣ, таҳияи наворҳои иттилоотию иртиботӣ, аудио ва видиолексияҳо суръат бахшида шуда, дар ояндаи наздик дар раванди таълим ҷорӣ карда шаванд.
- Айни ҳол дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, пурра гузаштан ба шакли электронии идоракунии донишгоҳ, тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳо идома доранд, гуфт ректор.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ бо 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Айни ҳол дар донишгоҳ 800 шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, иброз дошт Абдуалимзода Ҳ.
Инчунин гуфта шуд, ки дар ин давра дар донишгоҳ корҳои ободонию таҷдид ва сохтмони бинои нави таълимӣ ба анҷом расонида шуда, айни ҳол корҳо дар дохили бино рафта истодааст ва аввали соли нави таҳсил ба истифода дода мешавад, таъкид сохт ректор. Ҳамзамон, мавсуф дар бораи кушодашавии литсейи равияи риёзию иқтисодии назди ДДМИТ маълумоти пурра дод.
Зимни нишасти матбуотӣ ректор вобаста ба фаъолият дар самтҳои таълим, корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ, хоҷагидорӣ, ободонӣ ва вазифаву нақшаҳои ояндаи фаъолияти ДДМИТ ба намояндагони васоити ахбори омма маълумоти муфассал дод.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон ва рӯзноманигорони АМИТ “Ховар”, телевизиони “Тоҷикистон”, рӯзномаҳои “Омӯзгор”, маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, радиои “Фарҳанг”, оҷонсии “Авесто” ва дигар рӯзноманигорон дар мавриди шароити таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ, бо кор таъминкунии хатмкунандагон, мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён бо донишгоҳҳои хориҷӣ, таъсиси ихтисосҳои нав, таъминот бо омӯзгорони забондон ва дигарҳо посухҳои мушаххас дода шуд.
Машҳура Абдуллоева