Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шартномаи дутарафа баста шуд

Шартномаи дутарафа баста шуд

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз бузургтарин муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии соҳавӣ буда, солҳои охир ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани раванди таълим корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд. 
Дар ин самт ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим базаи моддию техникӣ ва таъминоти методии раванди таълим таҷдиди назар карда шуд. Вобаста ба ин Стратегияи рушди донишгоҳ барои солҳои 2019-2023 таҳия карда шуд, ки дар он байналмилаликунонии таҳсилот мақоми хоса дорад. 
Дар заминаи татбиқи стратегия ва густариши равобити хориҷии донишгоҳ имрӯзҳо дар доираи барномаҳои алоҳида лоиҳаҳои грантӣ татбиқ шуда истода, ҳамкории судманд бо зиёда аз 126 донишгоҳ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳҳои машҳури Фаронса, Испания, Англия, Литва, Украина, Германия, Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Узбекистон ва ғайраҳо шарикони боэътимоди донишгоҳ мебошанд. 
Дар идомаи мантиқии татбиқи стратегияи рушди донишгоҳ ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шумораи бештари шаҳрвандони хориҷӣ байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Ширкати технологияҳои таълимии «Shandong Daliangzao»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Минбаъд дар асоси ҳамин созишнома қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой ба тамоми зинаҳои таҳсилот бо истифода аз технологияҳои фосилавӣ ба роҳ монда мешавад. Таҷрибаи мазкур имкон медиҳад, ки минбаъд ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой густариш ёбад. 
Хотиррасон менамоем, ки айни замон дар донишгоҳ шаҳрвандони 6 кишвари хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.