Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мукофоти давлатӣ муборак!

Мукофоти давлатӣ муборак!

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, санъат, сохтмон, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат бештар аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзон ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Сатторзода Бобоҷон, номзади илмҳои педагогӣ, декани факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ низ бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки дар арафаи ҷашни солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар давлатдории миллии мо мебошад.
Аҳли коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷонро бо ин мукофоти арзанда табрику муборакбод намуда, барои фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳои нав ба навро таманно доранд ва мефахранд, ки намояндаи донишгоҳ низ дар арафаи ин ҷашни бузург аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардид. Ин ҳар яки моро барои саъю талош ва донишу малакаро барои ободии диёр, омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пояҳои Истиқлоли давлатӣ сарф намудан водор месозад.


Мукофоти давлатӣ муборак бод!