Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рӯзи дониш дар ДДМИТ

Рӯзи дониш дар ДДМИТ

Ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил 1 сентябри соли равон аҳли коллективи меҳнатии таълимгоҳ ва толибилмон дар толорҳо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зимни ифтитоҳи бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бодиққат гӯш карданд. 
Баъдан бахшида ба Рӯзи дониш ҷаласа доир гардид, ки дар он Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон, муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли толорро бо оғози соли нави таҳсили 2022-2023 муборакбод гуфт. 
Зимни суханронӣ Каримзода Ҷ.А. аз ҷумла қайд намуд, ки ҳамасола чун анъана дар Рӯзи дониш аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои нави таълимӣ ифтитоҳ гардида, бо намояндагони соҳаи маориф мулоқот доир мегардад. Дар онҳо самтҳои афзалиятноки рушди соҳа баррасӣ гардида, роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва омодасозии кадрҳои болаёқат мавриди баррасӣ қарор мегирад. Инчунин, барои пешрафти соҳа масъулин муваззаф гардонида мешаванд, ки ҳамаи ин аз авлавияти соҳаи маориф гувоҳӣ медиҳад, зеро соҳаи маориф дар бунёди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. 
ruzi_donish403.jpgКаримзода Ҷ.А. дар баромадаш таъкид дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи имрӯза таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоию фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст. 
Мавсуф аз афзалиятҳои сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ёдовар гардида, чунин қайд намуд: 
- Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат маблағгузории соҳаи маориф дар даврони Истиқлоли давлатӣ давра ба давра зиёд гашта, дар соли 2022 ба 6 млрд. 394 млн. 25 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбати соли 2021 11,3 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,7 фоизи буҷети давлатӣ баробар аст. 
Дар баробари ин, муовини аввали вазир иброз дошт, ки Вазорати молия ҳамчун муассиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба сифати таълим ва такмили базаи моддию техникии таълимгоҳ аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Бунёди биноҳои нави таълимӣ, харидории технологияҳои муосир ва такмили шароити кору таҳсил ба сифати таълим ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ таъсири мусбӣ мерасонанд ва имрӯзҳо донишгоҳ ба як маркази омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия табдил ёфтааст. 
Дар охири ҷамъомад Ҷ. Каримзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои рушди давлатдории худ ва ба хотири баланд бардоштани ифтихори ватандориву худшиносӣ, ҳифзи фазои орому осуда ва сулҳу субот дар ҷомеа, ҳамчунин таҳкими Истиқлоли давлатӣ кӯшишу талош намоянд. 
Дар охир Баҳодур Ҷурахонзода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо оғози соли таҳсили 2022-2023 ва Рӯзи дониш муборакбод намуда, қайд кард, ки бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли нави таҳсил рамзӣ буда, сулҳу оромӣ кафолатдиҳандаи рушду нумуи кишвар ва зиндагии осудаи мардум ва имконият барои ташкили омӯзишу фаъолияти пурсамар мебошад. 


Машҳура Абдуллоева