Хабарҳо
Намояндагони ДДМИТ ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки устодону донишҷӯёни ДДМИТ бори дигар аз дониши фарох ва қобилияти зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии васеи худ дарак доданд. Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи 5 номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти муосир, адабиёти классикӣ, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср ғолиб омада, бо туҳфа ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Дар таърихи 14-уми июни соли 2022 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар ин озмун 7 нафар донишҷӯ ва 2 нафар устоди ДДМИТ-ро муаррифӣ намуданд. Иштирокчиён аз рӯйи 5 номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти муосир, адабиёти классикӣ, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср ширкат варзида ҷойҳои намунавиро ишғол намуданд.
Ҳамин гуна дар даври ноҳиявӣ иштирокчиён сазовори ҷойҳои намунавӣ гардиданд: аз ҷумла устоди кафедраи забони англисӣ Ҷонмардов Зулфиқор (адабиёти классикӣ) сазовори ҷойи якум ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Ҳасанова Манзура (адабиёти муосир) ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамзамон, дар байни донишҷӯён - Нурбекова Таманно, донишҷӯйи курси 3 факултети муносибаҳои иқтисоди байналмилалӣ аз рӯйи номинатсияи эҷоди назму наср сазовори ҷойи дуюм, Носиров Ҳумайнӣ, донишҷӯйи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ сазовори ҷойи дуюм ва Раҳимзода Фирдавс, донишҷӯйи курси 3-юми ҳамин факултет аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ сазовори ҷойи сеюм, Давронзода Гесубону, донишҷӯйи курси 3-юми факултети молия ва қарз, Саидова Миҷгона донишҷӯйи курси 2-юми факултети МИБ (адабиёти классикӣ) ҷойҳои сеюм, Пиримова Шаҳло, донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор (эҷоди назму наср) ҷойи сеюм, Муминова Нигора, донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор (адабиёти ҷаҳон) сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки 9 нафар аз шумори устодон ва донишҷӯён ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд. Умед бар он дорем, ки ин зинаҳоро низ бо ғолибият паси сар намуда, номи донишгоҳро баланд хоҳанд кард.
Евгения Мирзоева сардори раёсати илм ва инноватсия