Хабарҳо
Шанбегиҳо дар ДДМИТ идома дорад
Имрӯзҳо кормандон ва устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашти майдонҳо ва таҷлили ҷашни “31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси нақша- чорабиниҳо оид ба баргузории аксияҳои ободиву созандагӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона дар атрофи бинои навсохти донишгоҳ аз санаи 20-уми август сар карда ҳамарӯза шанбегиҳо доир намуда истодаанд.
Мақсад аз гузаронидани шанбегиҳо таёр намудани донишгоҳ ба соли нави таҳсил ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи гузаргоҳҳои донишгоҳ махсусан атрофи бинои таълимии нав, ки дар ҳолати омодабошӣ қарор дода мешавад мебошад. Дар рафти гузаронидани шанбегӣ ҷӯйборҳои обгузар ва гузаргоҳҳо аз партовҳо тоза ва бехи дарахту буттаҳо мулоим карда шуда дар минтақаҳои махсус чандин шиору овезаҳо бахшида ба оғози соли нави таҳсили солҳои 2022-2023 ва таҷлили ҷашни 31-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ алакай гузошта шудаанд.
Тағоймурод Эшзода