Хабарҳо
Дастоварди илмии Диловаров Манучеҳр
Сол то сол афзудани ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ дар донишгоҳ барои тақвияти иқтидори илмии таълимгоҳ заминагузор буда, дар болоравии сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат менамояд.
Ин навбат дар таърихи 14 июни соли 2022 дар шурои диссертатсионии КОА-и Федератсияи Россия дар назди Институти забон ва адабиёти АМИТ ба номи А.Рӯдакӣ Диловаров Манучеҳр Мазамович, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ диссертатсияи номзадиашро дар мавзуи “Терминҳои хешовандии лаҳҷаи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ” (бо истифода аз маводҳои забони англисӣ) (“Термины родства юго-восточных говоров таджикского языка” (с привлечением материалов английского языка) ҳимоя намуд. Роҳбари илмии мавсуф профессор Ҷамшедов Парвона ва мушовири илмӣ профессор Қосимов Олимҷон мебошанд.
Мо Диловаров Манучеҳрро бо ин дастоварди бузурги илмӣ муборакбод намуда, барояш пешравиҳои навинро дар ҷодаи илму таълим хосторем ва умед дорем, ки дар соли нави таҳсил низ шумораи номзадони илм дар донишгоҳ меафзояд.