Хабарҳо
Баррасии масъалаи сиёсати ҷавонон
Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7-уми сентябри соли равон ба ифтихори таҷлили 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори конфронсӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими ғоя ва арзишҳои миллӣ» ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид.
Сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷовидон Халифазода бо сухани ифтитоҳӣ ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, саҳми ҷавонони донишгоҳро дар таҳкими ғоя ва арзишҳои миллӣ назаррас арзёбӣ намуда, қайд кард, ки маҳз наслҳои дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамонро таъмин намуда, мавқеи онро дар қатори давлатҳои мутараққӣ устувор гардонанд ва бе иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст.
Самиаллоҳ Шерализод, директори КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар баромадаш қайд намуд, ки ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа буда, нақши онҳо дар ободиву осудагӣ ва таъмини дастовардҳои даврони истиқлол хеле назаррас аст. Дар идома ҷавононро барои дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва ворисони арзандаи халқу Ватан шудан даъват намуд.
Пасон Бобоев Фирӯз, намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷавонон -ворисони арзандаи халқу Ватан» ва Сафарзода Некрӯз, намояндаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва нигоҳдошти он дар раванди ҷаҳонишавӣ» баромади пурмуҳтаво намуда, ба саволҳои бешумори устодон ва донишҷӯён ҷавобҳои қаноаткунанда доданд.
Дар охир, аз тарафи Шерализод С. ба баромадкунандагон сипосномаҳо супорида шуд.
Тағоймурод Эшзода