Хабарҳо
Ташрифи меҳмонони хориҷӣ ба ДДМИТ
Чандест, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи Барномаи Эрасмуз+ Лоиҳаи грантии “Рақамикунонии иқтисодиёт ҳамчун унсури рушди устувори Украина ва Тоҷикистон” татбиқ мешавад, ки дар доираи он таҳияи силлабус ва курсҳои лексия барои ихтисоси “Иқтисодиёти рақамӣ” ва озмоишгоҳи “Иқтисодиёти рақамӣ” таъсис дода шудааст.
Дар заминаи татбиқи лоиҳаи мазкур санаи 7-уми сентябри соли равон меҳмонони хориҷӣ - Бостма Бруджмен, устоди Донишгоҳи Марибори Словения ва Марина Тропманн-фрик, профессори Донишгоҳи илмҳои дақиқи Гамбурги Олмон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд. Онҳо аз донишгоҳ ва озмоишгоҳи болозикр дидан намуданд ва барои татбиқи нақшаҳои нави лоиҳа маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамчунин, дар доираи сафар меҳмонон ба донишҷӯёни донишгоҳ лексия хонда, ба сатҳи саводнокии донишҷӯёну устодон баҳои баланд доданд.
Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон ин шиносоӣ бо раванди таълим дар ДДМИТ, табодули таҷрибаи корӣ ва шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳи навтаъсиси “Иқтисодиёти рақамӣ” мебошад.