Хабарҳо
Ҳамоиши таҷлили истиқлол
Бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ рӯзи 8 сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши илмию сиёсӣ доир гардид. Дар он Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон, муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аскаралӣ Баротов, муовини сардори раёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Онро бо сухани табрикотӣ ва маъруза дар мавзуи «31 соли рушду шукуфоӣ» ректори таълимгоҳ Ҳокимбек Абдуалимзода ифтитоҳ карда, аҳли толорро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуда, дар бораи моҳияти он чанд андеша иброз дошт. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои миллати фарҳангсолори мо рӯйдоди нодири таърихӣ буда, имкон фароҳам овард, ки мо соҳиби давлати мустақилу ҳуқуқбунёд гардида, дар ҷаҳони муосир мавқеи шоиста пайдо намоем. Инчунин, ҳифзи арзишҳои бунёдии миллатро таъмин намуда, ғояи ватандӯстиро дар тафаккури ҳар як фарди ҷомеа афзун бахшем.
Ректор дар бораи дастовардҳои иқтисодии даврони истиқлол ёдовар шуда, сохтмони нақбу роҳҳо, рушди соҳаи энергетика, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиётро аз баракати Истиқлоли давлатӣ дониста, онҳоро дар заминаи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист.
Дар идома, Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон, муовини аввали вазири молия баромад намуда, аҳли толорро бо ҷашни миллӣ табрик намуда, дар бораи моҳияти Истиқлоли давлатӣ истода гузашт. Ӯ махсусан ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ дода, қайд намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии кишвар имрӯзҳо соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа рӯ ба тараққӣ овардаанд. Дар ин раванд, яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа, соҳаи маориф, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҷомеа саҳми назаррас дорад, рушд меёбад ва ҳамасола ба ин соҳаи муҳим маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бештар мегардад. Ин ҳама аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ба ин соҳа, ба самти омодасозии кадрҳо ва илму дониш мебошад. Маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми бунёдӣ ва такягоҳиро ишғол намуда, рушду нумуи он дар раванди таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Давлате, ки ба пешрафти маориф таваҷҷуҳ менамояд, ҳатман рушд мекунад, - гуфт дар охир Каримзода Ҷ.А.
Сипас Фақиров Ҳ., профессори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар мавзуи «Рушди низоми таҳсилоти олии касбӣ дар даврони истиқлол» баромад карда, дар бораи ташаккули низоми нави таҳсилот дар кишвар, таъсиси мактабҳои типи нав, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, гузаштан аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ ва байналмилалӣ маълумоти пурра дод. Профессор таъкид дошт, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ зодаи даврони истиқлол буда, имрӯзҳо ба маркази омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисод табдил ёфтааст ва бо иқтидори илмию техникие дорад, аз ин ҳам бояд беҳтар бошад.
Дар идома дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар устодону кормандони фаъол мукофотҳои соҳавӣ, Ифтихорномаи сохторҳои алоҳида ва донишгоҳ супорида шуд. Ба Шодмонов М., Воҳидов У., Шодиев К., Раҳмонов М., Муқимов Қ., Гулов А. нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Ифтихорномаи вазорати маориф ва илми ҶТ ба Темурбекова С., Ифтихорномаи донишгоҳ ба Муродов Д., Қаландаров А., Шукуров С., Давлатов Х., Бобоев Ҷ., Насриддинов Х., Ифтихорнома ва Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҶТ ба Тилабов Ё., Саймуҳиддинов Ф., Файзуллоева С., Сипосномаи ташкилоти «Бародарони ҷангӣ» ба Маҷидов Н., Усмонов У., Раҳмонов М., Турахонзода Ш., Давлатзода А. тақдим гардид. Ҳамзамон, раёсати донишгоҳ барои ҳавасмандгардонии кормандон ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ қадрдонӣ намуд.
Ҳамоиш дар руҳияи баланди сулҳу ваҳдат ва ифтихор аз дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Машҳура Абдуллоева