Хабарҳо
Паёми табрикотӣ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Шуморо бо ҷашни умумимиллӣ - 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари мустақилияту озодӣ ва соҳибихтиёрист, сидқан шодбош гуфта, бароятон аввалан тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар кору фаъолиятатон муваффақияту комёбиҳо хоҳонам.
Истиқлоли давлатӣ яке аз идҳои муқаддасу олӣ ва дорои арзиши бузург барои миллати мо маҳсуб меёбад, ки Тоҷикистони азизи моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Истиқлол неъмати бебаҳои давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад, зеро дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати мамлакат, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоту монеаҳоро бартараф намуда, таҳкурсии давлати соҳибихтиёрро гузошт.
Набояд фаромӯш сохт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ самтҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаро ташкил карда, ташаккул ёфт. Самтҳои афзалиятноки рушд, ба мисли таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат ва таъмини шуғли пурмаҳсул дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар амал татбиқ мешаванд.
Албатта, барои амалисозии ҳамаи ҳадафҳо таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ шарти асосист. Истиқлол ҳамчун рамзи озодӣ, ваҳдати миллӣ, адолат, соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ моро дар назди имрӯзу ояндаи миллати хеш масъул гардонида, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар ҷодаи худ баҳри инкишофи давлати хеш содиқонаву софдилона хидмат намоем.
Раванди ҷаҳони мутамаддин рӯз то рӯз мураккабтару печидатар гардида истодааст, ки ин ҳама аз мо фаъолияти бештар ва зиракии сиёсиро талаб менамояд. Дар шароити ҷаҳони муосир мо танҳо бо заҳмати аҳлона, ваҳдату ватандӯстӣ метавонем Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя намуда, иқтисоди давлатамонро пешрафта ва ҳадафҳои миллиро амалӣ созем.
Боварӣ дорам, ки дар якҷоягӣ, аҳлонаву софдилона ва содиқона чун пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ баҳри пешрафти кору хизмат ва гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ менамоем. Таманнои онро дорам, ки дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Ватан оташи меҳру ҳамдилӣ фурӯзон бошад ва барои ободии ин Меҳан сарҷамъона фаъолият намоем.
Бигзор, нури озодиву истиқлол ба хонадони ҳар кадоми Шумо файзу баракат ва саодат бахшад!
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак бод!
Ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳ.А.