Хабарҳо
Ҳимояи рисолаи номзадӣ
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, бахусус ДДМИТ сафи номзадони илм рӯз аз рӯз афзуда истодааст, ки ин ҳама боиси ифтихору пайравист. Олимони донишгоҳ аз фармудаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд» рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар корҳои илмию тадқиқотиашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Ҳамин буд, ки дар оғози соли нави таҳсили 2022-2023 санаи 16-уми сентябри соли равон ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 баргузор гардид, ки дар он Фатҳулло Муминов, унвонҷӯи кафедраи менеҷменти донишгоҳ дар мавзуи «Рушди зироаткории лалмӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ (дар мисоли минтақаи Хатлон)» аз рӯи ихтисоси 08.00.03-Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи молияи ДДМИТ Э.Шералиев рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд.
Дар муҳокимаи диссертатсия докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорон: Ҳ. Умаров, М. Кошонова, Б. Шарипов, С.Мирсаидов, Ш. Ҷонмаҳмадов ва дигарон иштирок ва баромад намуда, дар бораи кори илмии муҳаққиқ фикру ақидаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.
Мо аҳли устодон ва кормандони ДДМИТ ин дастоварди илмии олими ҷавонро муборакбод гуфта, барояш комёбиҳои нави эҷодӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно дорем.
Тағоймурод Эшзода