Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Суҳбати озод бо коргузорон

Суҳбати озод бо коргузорон

Санаи 20-уми сентябри соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ ҷаласаи навбатии раёсати тарбия бо иштироки ҳуҷҷатнигорон ва коргузорони сохторҳои алоҳида баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо оид ба фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд. 
Бунавшамоҳ Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия дар баромади худ дар бораи одобу муоширати ҳуҷҷатнигорон сухан ронда, дар бораи саҳми занон ва ҷавондухтарон дар пешрафти таълиму тарбия, бетараф набудани онҳо аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, пешгирии фарҳанги бегона, тарғиби либоси миллӣ ва расмӣ ибрози ақида намуд. Мавсуф ба духтарон муроҷиат карда, дар бораи риояи одоби муошират дар байни кормандон ва бо донишҷӯён, маҳорати хуби коргузорӣ, иҷрои софдилона ва дурусти дастуру супоришҳои раёсат ва роҳбарони сохторҳои марбутаро талаб намуд. 
Дар хотимаи ҷаласа Т.Умаралиева, раиси шурои занон ва донишҷӯдухтарон, М.Давлатова, сармутахассиси раёсати тарбия ва У Ҳомидова, мутахассиси раёсати тарбия ба сухан баромада, қайд намуданд, ки ҷавобан ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон бояд беш аз пеш саъу талош намуда, фаъолияти самаранок дошта бошанд. 


Тағоймурод Эшзода