Хабарҳо
Ғолибияти навбатии самбочиён
Санаи 17-18-уми сентябри соли равон бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонони солҳои таваллудашон 2002- 2003 ва 2004 -2005 аз рӯи намуди гӯштини тарзи самбо сурат гирифт, ки дар он самбочиёни ДДМИТ низ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Абдуллоев Ҳикматулло, донишҷӯи курси дуюми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар вазни 88- кг ҷои дуюм, Акрамзода Шаҳриёр, донишҷӯи курси якуми факултети иқтисод ва бизнес дар вазни 71 кг сазовори ҷои сеюм, Набии Нуралӣ, донишҷӯи курси дуюми ҳамин факултет дар вазни 71 кг ҷои сеюм ва Фаррух Сафаров, донишҷӯи курси дуюми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар вазни 79 кг ҷои савумро ишғол намуданд.
Донишҷӯёни ғолиб таҳти роҳбарии Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ, устоди варзиш Ибодулло Айниддинов ва Муҳаммад Саидов тамрин намуда, обрӯи донишгоҳро дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар боло бардоштанд.
Мо гӯштингирони ғолиб ва мураббиёни онҳоро бо ин муваффақияти варзишӣ муборакбод намуда, дар оянда пирузиҳои навро таманно дорем.
Тағоймурод Эшзода