Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷойгоҳи осори Рӯдакӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ

Ҷойгоҳи осори Рӯдакӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ

Зери ҳамин унвон санаи 20-уми сентябри соли 2022 дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ бо ҷалби донишҷӯдухтарон - истиқоматкунандагони хобгоҳ маҳфили илмиву адабӣ доир гардид. Дар маҳфил Бунавшамоҳ Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, Ҷовидон Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва дигар устодони донишгоҳ ширкат намуданд ва доир ба паҳлуҳои гуногуни ашъори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маърузаҳои ҷолиб намуданд.
Дарҷ гардид, ки устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо ҷаҳонбинии шоистаи миллӣ тавонист дар замони бархӯрди бошиддати арабигароӣ ҳувияти забони тоҷикиро ба дарбори ҳокимони вақт бурда, заминаи сазовореро дар нигоҳдошти ҳисси хештаншиносиву худогоҳии миллии тоҷикон гузорад. 
Дар хотимаи маҳфил донишҷӯдухтарон аз эҷодиёти сардафтари адабиёти классики тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намунаҳо қироат намуданд. 
Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд чунин маҳфилҳо миёни донишҷӯён ба таври ҳамешагӣ роҳандозӣ карда мешаванд. 


Тахмина Умаралиева, 
раиси Шурои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ