Хабарҳо
Озмуни «Рӯдакихонӣ»
Рӯзи 22-юми сентябри соли равон дар ДДМИТ маҳфили «Рӯдакихонӣ» доир гардид. Онро устоди кафедраи забони тоҷикӣ Савринисо Муҳаммадиева оғоз намуда, зикр сохт, ки маҳз миллати моро дар лаҳзаҳои душвортарини таърих шеъри Рӯдакӣ аз нестшавӣ раҳонид ва дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гардонд. Ҳатто устод Айнӣ дар асараш «Намунаи адабиёти тоҷик» яке аз омилҳои бунёдии ҳамчун миллат шинохта шудани тоҷиконро дар заминаи шеъри устод Рӯдакӣ медонад.
Дар идомаи маҳфил профессори кафедраи забони тоҷикӣ Озод Саидҷаъфаров дар мавзуи «Нақши забон ва услуби устод Рӯдакӣ дар инкишофи забони тоҷикӣ» маъруза намуда, иброз дошт, ки забони адабии имрӯзаи тоҷик бо шеъри оламгири Рӯдакӣ пайвандии ногусастанӣ дорад. Ҳатто имрӯз мардуми одӣ низ бе истифодаи ягон луғат метавонад маънии шеърҳои устод Рӯдакиро бифаҳмад. Устоди кафедраи забони русӣ Ҷумъа Махшулов нақши забон ва услуби ашъори устод Рӯдакиро дар муқоиса бо забони имрӯзаи тоҷик моҳирона ба риштаи таҳлил кашида, онро бо инкишофи забони ноби тоҷикӣ тақвият дод.
Дар охир байни донишҷӯёни донишгоҳ озмуни шеърхонӣ аз ашъори устод Рӯдакӣ сурат гирифт. Баъди қироат намудани порчаҳои шеърӣ аз тарафи ҳакамон ҷойи аввал ба Рӯзигул Алишерова, ду ҷойи дуюм ба Бобоева Маҳбуба ва Амина Исматуллоева ва ду ҷойи сеюм бошад, ба Анвар Ҳомидов ва Нигора Ватаналиева лоиқ дониста шуданд.
Ҷамъомад ҷолибу хотирмон анҷом пазируфт.
Тағоймурод Эшзода