Хабарҳо
Рушди бозиҳои миллии варзишӣ - омили муҳими шинохти миллат
Санаи 24 сентябр бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштарак ташкили намоиши бозиҳои миллии варзишии Фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Рушди бозиҳои миллии варзишӣ - омили муҳими шинохти миллат» бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди боғи фарҳангию фароғатии Шаршара баргузор гардид.
Дар Фестивали мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, маҳорату малакаи худро аз рӯи якчанд намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ: гуштинги миллӣ, чавгонбозӣ, вазнбардорӣ, шоҳмот, дастхобонӣ, бандкашӣ, арғунчабозӣ, хурусҷанг, буҷулбозӣ, тухмҷангак, ланкабозӣ, чиликдангал, бандпарак ва ғайра, ки хоси таърихи миллати тоҷик аст, ба намоиш гузошта, аз тарафи кумитаи тадорукот сазоворӣ баҳои баланд гардиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки аз рӯи намуди вазнбардорӣ (гир) ва ланкабозӣ донишҷӯёни донишгоҳ сазовори ҷойи аввал гардида, бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд. Инчунин дар дигар намуди бозиҳои варзишӣ донишҷӯёни донишгоҳ маҳорати худ нишон дода, бо медалҳо қадрдонӣ гардиданд.
Мақсади ассосии Фестивали мазкур эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин валиса муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносивю худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Ҷовидон Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ