Хабарҳо
Танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ
Тибқи нақшаи кории зермаҳфили “Зеҳн”-и факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, санаи 28-уми сентябр бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа, ҳайати устодон ва донишҷӯён маҳфили илмӣ дар мавзуи “Танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Нахуст, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, дотсент Давронҷон Хоҷазода маҳфилро ифтитоҳ намуда, дар бораи иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ изҳори андеша намуда, муҳимияти баргузории чунин маҳфилҳои илмиро ба манфиати муҳассилин ва устодону кормандони факултет ҳисобид.
Қайд карда шуд, ки маърузаи илмии имрӯза яке аз мавзуъҳои муҳим буда, ба устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет имконият медиҳад, то аз навгониҳои соҳа огаҳӣ пайдо намоянд.
Сипас, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Умрилло Меликов оид ба масъалаҳои иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар низоми қонунгузории мамлакат, инчунин тарзи истифодабарии иқтисоди рақамӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ баромади пурмуҳтаво намуд.
Дар охир саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.
Тағоймурод Эшзода