Хабарҳо
Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти аудиторӣ
Дар кафедраи аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор санаи 29-уми сентябр чорабинии илмии зермаҳфили “Зеҳн” бо иштироки корманди ҶДММ “Тоҷикаудитсервис” Темурмалик Сафаров дар мавзуи “Фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия” баргузор гардид. Дар он устодони факултет ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.
Сараввал декани факултет, дотсент Ғ. Ғафуров фаъолияти аудиториро дар низоми иқтисодиёти мамлакат муҳим арзёбӣ намуд. Номбурда қайд кард, ки дар шароити имрӯза бо истифода аз хизматрасониҳои аудиторӣ мо метавонем самаранокии фаъолияти дилхоҳ корхонаву ташкилот ва соҳаҳои иқтисодиро таъмин намоем.
Дар идома мудири кафедраи аудит ва ревизия, дотсент Ё. Тилабов дар бораи мубрамияти мавзуъ сухан карда, иброз дошт, ки аз баромади муттахассиси соҳа, ки таҷрибаи амалии аудиториро фарогир аст, муҳим аст.
Маърузачӣ Т. Сафаров оид ба ҷанбаҳои назариявӣ, таърихи рушд ва инкишофи фаъолияти аудиторӣ маълумот дода, зикр кард, ки то соли 1998 аудит дар Тоҷикистони имрӯза хусусияти ташаббусӣ дошт, зеро санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ширкатҳои аудиторӣ мавҷуд набуд. Якумин ширкати аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати «Фарас» буд, ки соли 1992 ташкил ёфта, то соли 1998 баъзе аз хизматрасониҳои аудиториро иҷро мекард. Қонун «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аз 21 майи соли соли 1998 таҳти №602 қабул гардид, ки асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти аудиториро муқаррар намуд. Ҳамин тавр, ин мутахассис оид ба хизматрасониҳои аудиторӣ ва фаъолияти ташкилотҳои аудитории ватанӣ таҳлилҳо ва баҳодиҳиҳои лозимаро баён доштанд.
Дар анҷоми чорабинии илмӣ байни маърузачӣ ва омӯзгорону донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.
Тағоймурод Эшзода