Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Забони тоҷикӣ дар моварои таърих

Забони тоҷикӣ дар моварои таърих

Зери чунин унвон санаи 29 сентябри соли равон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд. 
Нахуст Ҷ.Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ забони модарии мо ба забони тавонои расмиву давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба забони илм мубаддал гардид. 
Сипас О.Саидҷаъфаров, профессори кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ иброз дошт, ки заминаҳои ин пешрафти муҳим бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардид. 
Гуфта шуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷик саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва барои пешрафти он барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ гардид. Ба хотири бузургдошти ин рукни муҳими давлатдорӣ дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуда, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо чорабиниҳои илмию оммавӣ таҷлил мегардад. 
Дар охир музокира ва саволу ҷавоб доир гардид. 


Тағоймурод Эшзода