Хабарҳо
Омӯзгорони гиромӣ!
Аз самими қалб ҳамаи шумоёнро бо Рӯзи омӯзгор табрику муборакбод мегӯям.
Омӯзгорӣ дар ҳама давру замон касби пуршараф ва масъулиятнок буд. Аслан, омӯзгор муҳаққиқ ва олим буда, шахсиятест, ки бо киштӣ дар дарёи дониш ғӯта зада, аз он баҳраи калон мегирад. Вазифаи ҷонии муаллим донишашро ба насли ҷавон омӯзондан аст.
Муаллим насли инсонро тарбият мекунад, бинобар ин, ӯ бояд фарди нексиришту масъулиятшинос буда, ҳамеша омӯзад ва дарку фаҳмиши ҷаҳони муосирро доро бошад.
Имрӯзҳо ба мақоми омӯзгор аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад, зеро маориф дар сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат авлавият дорад ва дар тарбияи насли наврас ва мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замон омӯзгор нақши калон мебозад. Маҳз фидокорӣ, заҳмат ва саъю талоши ҳамешагии омӯзгор аст, ки шогирд ҳамадон мегардад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ шахси аввал ин омӯзгор аст. Барои инкишофи қобилияти маърифатии донишҷӯ устод бар он бояд кӯшад, ки толибилм чун мутахассиси фаъолу серғайрат ба камол расад, ҷӯяндаю боташаббус ва эҷодкор бошад. Ҳамаи ин аз омӯзгор тафаккури амиқу ҳунари баланди ихтисосиро талаб мекунад. Ҳар шогирди пешқадам устоди донишманд ва масъулиятшинос дорад, ки инро таҷрибаҳо низ собит намудаанд.
Хуллас, омӯзгорӣ пешаи мушкилписанд ва пурифтихор аст. Ба ҳамаи Шумо, омӯзгорони муҳтарам, дар фаъолияти педагогиатон муваффақият ва дастовардҳои навинро таманно дорам.
Ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳ.А.