Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баҳри баланд бардоштани зиракии сиёсии донишҷӯён

Баҳри баланд бардоштани зиракии сиёсии донишҷӯён

Баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ чорабинии маърифатӣ доир гардид. 
Нахуст, декани факултети молия Амрулло Нурализода дар бораи саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик изҳори андеша кард. 
Сипас, аҳли толор филми мустанади «Хиёнат»-ро тамошо карданд. Ин филм аз хиёнаткориҳои душманони миллат нақл мекунад. Зарур аст, ки ҳар кадоми мо хоин ва душмани миллатро шиносем, ба ваъдаҳои онҳо дода нашавем. Имрӯзҳо хоинони миллат мехоҳанд ба сулҳу суботи кишвар рахна зананд ва дастовардҳои кишварро нодида мегиранд. 
Имрӯзҳо дар кишвари азизи мо дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо дида мешаванд, ки дар саргаҳи онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд ва маҳз бо талошҳову раҳнамоии Сарвари давлат мо ба ин натиҷаҳо расидем. 


tfmib401.jpg



Бинобар ин, мо бояд ба қадри ин дастовардҳо бирасем ва барои тавсеаи онҳо бикӯшем. Барои ин, махсусан ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мавқеи хеш устувор бошанд ва аз Ватани худ дифоъ кунанд. 
Донишҷӯён баъди тамошои филми мазкур ба худ як ҷаҳон таассурот бардоштанд. 


Тағоймурод Эшзода