Хабарҳо
Ганҷ не, китоб гир!
Санаи якуми октябри соли равон бо ибтикори факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ бо раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои роҳбарияти ДДМИТ баҳри баланд бардоштани завқи китобхонии донишҷӯён, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» донишҷӯёни курси якуми факултети зикргардида дастаҷамъона бо шароит ва имкониятҳои китобхонаи илмии донишгоҳ шинос шуданд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояшон бо ҷавонони кишвар иброз доштанд: «Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд».
Раёсати донишгоҳ низ бо назардошти ин таъкид, аз донишҷӯён барои дар оянда ноил шудан дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҳунар бозёфтҳои тозаро интизоранд. Зеро онҳо ворисони мероси бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгони некномамон мебошанд.
Тағоймурод Эшзода