Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ободонӣ ба истиқболи Рӯзи омӯзгорон

Ободонӣ ба истиқболи Рӯзи омӯзгорон

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободкорӣ ва кабудизоркунӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар ДДМИТ санаи 1-уми октябр шанбегӣ доир гардид. Дар шанбегӣ 32 нафар устодон ва 214 нафар донишҷӯён ҳудуди донишгоҳ, кӯчаи Нахимов ва қитъаҳои ба муассиса вобасташударо рӯбучин ва тозаву озода гардонида, бехи 53 дарахтон ва 1254 гулу буттаҳоро нарм намуданд. Ҳамчунин аз тарафи кормандони раёсати маъмурию хоҷагидорӣ дохили донишгоҳ тоза, шохи дарахтон кӯтоҳу ба тартиб дароварда шуда, ҷӯйборҳои дохилӣ ва беруни донишгоҳ аз партовҳо тоза карда шуданд. 
Ҳамчунин кормандони раёсати хоҷагидорӣ дар дохили биноҳои таълимию хобгоҳҳо корҳои тозаву ободонӣ, шустани роҳравҳо, дару терезаҳо ва бартараф намудани чангу ғуборро ба анҷом расониданд. 
Бояд гуфт, ки ин гуна ҳашарҳои дастҷамъӣ дар ДДМИТ пайваста гузаронида мешавад ва он барои ободонии як гӯшаи диёр мусоидаткунанда аст. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg



Тағоймурод Эшзода