Хабарҳо
Оғози семинари омӯзишӣ-методӣ пурсамар гузашт
Рӯзи 30-юми сентябри соли равон дар толори конфронсӣ семинари омӯзишӣ-методӣ аз рӯйи нақша баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедраҳо, раёсати тарбия, шуъбаи кор бо ҷавонон, омӯзгорони ҷавон ва дигар кормандони ёрирасони сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар семинари нахустини соли таҳсили 2022-2023 Носиров Саъдулло, сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим дар мавзуи «Тарбия ва хусусиятҳои он» баромад намуда, дар бораи принсип ва методҳои тарбия, муносибати комплексона ва ташкили корҳои тарбиявӣ, худтарбиякунӣ ва дигар самтҳои тарбия, ки ба фаъолияти педагогии устодон ва умуман, муассисаҳои таҳсилотӣ рабт дорад, муфассал маълумот дод. Мавсуф диққати ҳозиринро асосан ба тарбия ва вазифаҳои он дар замони имрӯза ҷалб намуда, омилҳои таъсиррасон, аз ҷумла аломатҳои биологӣ (ирсият), муҳит (табиӣ ва иҷтимоӣ) ва тарбия (бо таълим)-ро, ки дар ташаккул ва инкишофи шахс таъсир мерасонанд, бо мисолҳои ҳаётӣ фаҳмонид.
Дар саволу ҷавоб ва қисми музокиравии семинар Насриддинов Х.Н., мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Улуғов О.П., мудири кафедраи табиатшиносӣ, Халифазода Ҷ., сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, Эшбеков Т., устоди кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ ва дигарон фаъолона иштирок намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.
Дар охир семинарро Муллоҷонов А., сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим ҷамъбаст намуда, суханони музокиракунандагонро тақвият бахшид ва оид ба аҳамияти ташкил ва баргузорнамоии чунин семинарҳои муфид ибрози андеша кард.
Эшзода Т.