Хабарҳо
Маҳфили бузургдошти забони тоҷикӣ ва омӯзгор
Дар саросари ҷумҳурӣ аз соли 2009 сар карда, ҳар сол 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси раёсат ва факултету кафедраҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабиниҳои идона баргузор гардида истодаанд. Санаи 3-юми октябри соли равон дар толори таълимии факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ чорабинии илмию фарҳангӣ бахшида ба ҷашнҳои забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор таҳти унвони «Забон ҳастии миллат» ва «Омӯзгор тарбиятгари насли имрӯзу фардои миллат» маҳфил гузаронида шуд.
Сараввал, декани факултет Қутбиддин Муқимов маҳфилро кушода, дар бораи мақоми забони тоҷикӣ ва аслияти он андешаҳояшро иброз намуда, афзуд, ки имрӯзҳо забони тоҷикӣ забони илм гардидааст ва ба он таҳқиқотҳои илмӣ навишта мешаванд, ки аз волоияти он дарак медиҳад.
Пасон Абдулло Давлатзода, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ дар бораи аввалин омӯзгорони башар: Зардушт, Суқрот, дар бораи забони Рӯдакию Сино, Турсунзодаву Лоиқ ва ғамхориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба забони давлатӣ баромади пурмуҳтаво намуд.
Донишҷӯёни факултет дар бораи забони тоҷикӣ шеъру андарзҳо қироат намуда, бо гузаронидани саҳначаҳои аҷоиб аз ҳаёти донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни хосае бахшиданд.
Чорабинӣ барои иштирокчиён басо ҷолибу хотирмон буд.
Тағоймурод Эшзода