Хабарҳо
Барномаи бозгӯи бузургдошти забони давлатӣ ва омӯзгорон
Бахшида ба таҷлили Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ санаи 4 октябри соли равон дар донишгоҳ чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва аҳли коллективи меҳнатии таълимгоҳ ва донишҷӯён доир гардид. Онро бо сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ Ҳокимбек Абдуалимзода кушода, аҳли толорро бо ин ду ҷашни бузург табрик намуд.
Ректор дар бораи бузургии забони давлатӣ ва каме аз таърихи забони тоҷикӣ ёдовар шуда, сабаби асолати худро нигоҳ доштани забони тоҷикиро дар бузургӣ ва садоқати соҳибони забон донист. Абдуалимзода Ҳ., аз ҷумла қайд намуд, ки забони тоҷикӣ рукни асосии давлати миллӣ маҳсуб меёбад, чунки дар даврони истиқлолият мақому ҷойгоҳи аслии худро пайдо намуд, яъне ҳамчун забони давлатӣ расман шинохта шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тавсеаи забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳастии миллат ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуданд. Мақому мартаба ва нуфузу эътибори забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар миқёси мамлакат боло рафт. Сиёсате, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар самти забони давлатӣ ва густариши он роҳандозӣ намудаанд, боиси пазириш аст, гуфт дар идома Абдуалимзода Ҳ.
Ректор дар бораи асари мондагору бунёдии “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон истода гузашта, таъкид дошт, ки он арҷгузорӣ ва пуштибону ҳомӣ будани муаллифи асарро нисбат ба забони модарӣ нишон медиҳад ва бо мазмуну муҳтаво ва бандубаст ҳамчун шиносномаи забони тоҷикӣ эътироф гардидааст.
Дар баробари ин дар баромадаш ректор бо овардани суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бузургони назми классики тоҷик ва ривоятҳо аз манзалати омӯзгор сухан гуфт ва устодони таълимгоҳро ба фаъолияти пурсамар ва зиндаву беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ даъват намуд.
Пасон бахшида ба ин ҷашнҳо ба чанд нафар кормандону омӯзгорони пуртаҷриба - Қосимова С., Орифҷонова В,. Оймаҳмадов Г., Нуров Ш., Ҳомидова Қ., Нигматов Ҷ., Умаралии Баҳруллозода, Фозилова Д., Иброҳимов Т., Ҳакимов С., Шералиев Э., Мирҷамолов М. мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ тақдим гардид.
Барои фаъолияти бенуқсон дар таълиму тарбияи насли наврас ба устодону кормандони зерин - Қодиров Ф., Болтаева У., Ғафуров П., Равшанова Ш., Шарипов С., Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Темурбекова С. Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Барои фаъолияти самаранок ва пурмаҳсул Мирсаидов С., Убайдов Ф., Мирзоев С., Холов Р., Раҳмонзода М., Сафарова Г., Калаков Ҷ. бо Ифтихорномаи донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби шуъбаи фарҳанги донишгоҳ барномаи ҷолиби консертӣ иборат аз суруду рақс, шеърхонӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз ҳаёти донишҷӯӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки басо ҷолибу хотирмон буд.
Машҳура Абдуллоева