Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Сайри сухан» - мубаллиғи забони давлатӣ

«Сайри сухан» - мубаллиғи забони давлатӣ

Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар толори конфронсии донишгоҳ бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи забони тоҷикӣ маҳфили илмӣ-адабии «Сайри сухан» баргузор гардид. Маҳфили мазкурро бо сухани муқаддимавӣ сардори раёсати илм ва инноватия Евгения Мирзоева ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки пос доштани забони модарӣ, эҳтиром гузоштан ба он вазифаи ҳар як фарди худогоҳу миллатдӯст аст. Зеро дӯст доштани забон дӯст доштани модари худ маҳсуб меёбад. 
Баъдан роҳбари маҳфили «Сайри сухан» Ҷумъа Махшул қайд кард, ки забон аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии миллат ва яке аз воситаҳои асосии таҳкими ваҳдату ягонагии миллатҳои гуногуни дунё ба шумор меравад. Забон унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ низ нақши бориз дорад, - афзуд номбурда. 
mss401.jpgСипас, сармутахассиси раёсати илм М. Ҳасанова дар мавзуи «Сайри таърихии забон» баромад намуда, қайд кард, ки таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ новобаста ба ҳама он бадбахтиҳои ба сараш омада, ҳамеша рисолати таърихии худро дар назди халқу Ватан иҷро намудааст. Баъди садсолаҳо Истиқлоли давлатӣ барои рушду такомули забони тоҷикӣ заминаи мусоидро фароҳам овард, ки самараи онро мо имрӯз баръало мушоҳида мекунем. 
Инчунин, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Н.Сироҷова дар баромадаш аз нақши Пешвои миллат дар бузугдошти забони давлатӣ сухан гуфта, қайд кард, ки андешаҳои хирадмандонаи Пешвои миллат ва бузургони гузаштаамон нисбати забони нобу ширинамон моро водор месозанд, ки ҳамеша дар талоши бегазанд нигоҳ доштани он бошем. 
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯёни факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Х.Носиров дар мавзуи «Забон рукни асосии давлатдорист» ва М.Бобоева дар мавзуи «Забон шиносномаи миллат» баромад намуданд. Ҳамчунин, донишҷӯёни курсҳои 1-уми факултети молия ва қарз бо қироати шеър дар васфи забони давлатӣ баромад намуданд. 
Дар охири маҳфил ба ғолибони озмуни “Рӯдакихонӣ” - барои ҷойи 1-ум ба донишҷӯйи факултети молия ва қарз Рӯзигул Алишерова, 2 ҷои 2-юм ба донишҷӯйи факултети молия ва қарз Амина Исматуллоева ва донишҷӯйи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Маҳбуба Бобоева, 2 ҷои савум ҳарду донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Анвар Ҳомидов ва Нигора Ватаналиева аз ҷониби Раёсати илм ва инноватсия бо Ифтихорномаҳо супорида шуданд. 


Евгения Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия