Хабарҳо
Сафи номзадҳои илм зиёд мешавад
Тавре ба мушоҳида мерасад, сол то сол ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби муҳаққиқон бештар гардидааст, ки ин аз шароити мусоиди омӯзишу таҳқиқ дар ҷумҳурӣ ва имконият фароҳам овардан барои олимон дар хориҷи мамлакат гувоҳӣ медиҳад.
Санаи 5-уми октябри соли равон ҷаласаи Шурои диссертатсионии 73.2.012.01 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Абдулвоҳидова Фирӯза Миразоровна, муаллими калони кафедраи гуманитарии донишгоҳ дар мавзуи «Муносибатҳои тиҷоратӣ дар Бухорои Шарқӣ дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 (Торговые отношения в Восточной Бухаре в конце ХIХ и начале ХХ века)» аз рӯйи ихтисоси 5.6.1 - таърихи ватанӣ (илмҳои таърих), таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», номзади илмҳои таърих Амиршоҳи Нурмуҳаммад Қурбонзода рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд.
Муаллифи рисола дар асоси маводи бойгонӣ ва нашрияҳои муҳаққиқони рус раванди равобити хориҷӣ ва дохилиеро, ки дар охири асри 19 ва ибтидои садаи 20 муносибатҳои тиҷоратии Бухорои Шарқӣ аз рӯйи он сурат гирифта буданд, мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст.
Дар шароити муосири истиқлолият, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши таърихи давлатдорӣ аҳаммияти махсус дода мешавад. Дар ин асос, барои дарки бештари таърихи тоҷикон яке аз самтҳои ҷолиби диққат муроҷиат ба омӯзиши таърихи Бухорои Шарқӣ аз охири асри 19 то ибтидои асри 20 мебошад.
Мо, аҳли устодон ва кормандони ДДМИТ, ин дастоварди илмиро ба муаллима муборакбод гуфта, барояш муваффақиятҳои нави эҷодӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно дорем.