Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрии самимии ректор бо донишҷӯёни соли аввал

Вохӯрии самимии ректор бо донишҷӯёни соли аввал

Санаи 6-уми октябри соли равон бо мақсади аз наздик шинос шудану огаҳӣ ёфтан аз вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён, фаъолияти таълимӣ, давомот ва иштироки онҳо ба дарсҳо ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода дар толори таълимии донишгоҳ бо донишҷӯёни курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор вохӯрӣ доир намуд. 
Муҳтавои мавзуи суҳбатро асосан, риояи талаботи қоидаҳои донишҷӯӣ, аз ҷумла, тартибу интизом, омодагӣ ба дарсҳо, мутолиаи китобу рӯзнома, ширкат дар озмуну маҳфилҳои зеҳнӣ, пӯшидани либосҳои тавсияшуда, самаранок истифода бурдани вақт, муносибати дуруст ва эҳтироми устодону ҳамсабақон, ҳамчунин, аҳамият додан ба саломатӣ ва вазъи психологии худ, дар ҳолати хуби санитарӣ-гигиенӣ нигоҳ доштани дарсхонаю толорҳои таълимӣ, асбобу анҷоми хониш ва ҷойи зист дар хобгоҳ фаро мегирифт. Илова бар ин, ректор дар баробари забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бархӯрдорӣ аз нозукиҳои техника ва технологияҳои таълимии замони муосир ва ҳушёрию зиракии сиёсиро, ки аз таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таъкид намуд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Гуфта шуд, ки дар таълимгоҳ тамоми шароитҳо муҳайёст ва аз он ба таври васеъ истифода бурда, бо гирифтани донишҳои замонавӣ метавон ҷаҳонбии илмиро васеъ кард. Чунин тарзи муносибат ва амал барои мутахассиси хубу муосир ва рақобатпазир будан дар бозори меҳнат имконият медиҳад. 
Дар хотима чанд нафар донишҷӯён ба ректор бо саволҳо муроҷиат намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. 
Баъд аз анҷоми саволу ҷавоб ректор Ҳакимбек Абдуалимзода ба масъулини самти таълиму тарбия ва садорати факултет супоришҳои қатъӣ доданд. 
Дар вохӯрии мазкур ректорро Баҳодур Ҷурахонзода, муовини аввал, Бунавшамоҳ Қодирова, муовин оид ба тарбия ва декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ғиёсиддин Ғафуров ҳамроҳӣ намуданд. 
Гузаронидани чунин суҳбатҳои озод бо дигар факултетҳои донишгоҳ дар назар дошта шудааст. 


Тағоймурод Эшзода