Хабарҳо
Фаррух Саидаҳмадов ҳимоя намуд
Санаи 7-уми октябри соли равон дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6DКОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ассистенти кафедраи муносибатҳои молиявии қарзии байналхалқӣ Фаррух Саидаҳмадов дар мавзуи «Танзими давлатии сармоягузории кишоварзии минтақа (дар мисоли вилояти Хатлон)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.03 рисолаи номзадияшро бомуваффақият ҳимоя намуд.
Рисолаи номзадӣ зери роҳбарии Қобилҷон Хушвахтзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омода гардидааст.
Мубрамияти мавзуи мазкур бо он асоснок гардидааст, ки ҳолати муосири сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллии минтақа, хусусан соҳаи кишоварзӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт муаммоҳои зиёде ҷой доранд.
Мо бо ин дастовард Фаррух Саидаҳмадовро табрик намуда, дар корҳои илмию педагогии ояндааш комёбиҳо таманно менамоем.
Тағоймурод Эшзода