Хабарҳо
Тақвияти робитаи волидон бо донишгоҳ
Санаи 8-уми октябри соли равон чиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар толори конфронсии донишгоҳ бо доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курси дуюм ва сеюми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа декани факултет София Темурбекова баромад карда, қайд намуд, ки фарзандонатон дар интихоб намудани ихтисос хато накарда, балки беҳтарин ихтисосҳо ва донишгоҳро интихоб намудаанд. Тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, иштироки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон - донишҷӯён ба он оварда мерасонад, ки ҳисси масъулиятшиносии онҳо баланд гардад. Масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқи фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо вазифаи омӯзгорон ва падару модарон мебошад.
Ҳамчунин дар ҳузури волидайн ва устодон бо истифода аз тахтаи электронии толор наворҳое, ки аз тарафи эдвайзер оид ба тарбияи факултет Шарифхон Гурезов дар бораи давомоти донишҷӯён дар машғулиятҳо, дар вақти дарс ба телефонбозӣ машғул шудани донишҷӯён, пӯшидани сару либоси ғайритавсиявӣ, дар дохили донишгоҳ машғул шудан ба корҳои ғайр ва ба машғулиятҳо дер омадани донишҷӯён омода карда шуда буданд, нишон дода шуданд. Мудири кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Муҳаммадӣ Ашуров ва раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ Мавҷуда Давлатова баромад карда, қайд намуданд, ки баланд бардоштани интизом ва сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот бояд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро пурзӯр намояд, чунки тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданро зарур донистанд.
Дар анҷом София Темурбекова ба даҳ нафар волидони донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доранд, сипосномаҳо супорид.
Тағоймурод Эшзода