Хабарҳо
Баррасии фаъолияти кураторон
Масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии донишҷӯён, маърифатнок намудан, дар руҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо вазифаи куратор ва волидон мебошад.
Бо ин мақсад, санаи 11-уми октябри соли 2022 бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес дар ҳамкорӣ бо шурои кураторони донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Низомномаи шурои кураторон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, бо иштироки кураторони факултет ҷаласа доир гардид. Дар он дотсент Б. Сатторзода, декани факултет, А.Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, М.Давлатова, раиси шурои кураторони донишгоҳ ва Ҷ.Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, мудирони кафедраҳо ва кураторони факултет иштирок намуданд.
Сараввал декани факултет баромад карда, зикр намуд, ки дар шароити имрӯза тамоми кураторони гурӯҳҳои академии факултетро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ корҳоро пурзӯр ва ҷоннок намоянд.
Баъдан А.Давлатзода қайд намуд, ки дар баробари дастовардҳо, инчунин, камбудиҳо дар самти дарсҳои тарбиявӣ ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дарсҳои сиёсиро ба роҳ монем, яъне кураторони гурӯҳҳои академӣ метавонанд вобаста ба ихтисоси гурӯҳ онҳоро ба ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ бобати ошноӣ бо раванди кор сафарбар намоянд.
Сипас, М.Давлатова баромад намуда, дар бораи сифати дарсҳои тарбиявӣ изҳори андеша карда, ба талаботи низомномаи кураторӣ ҷавобгӯ набудани онҳоро махсус таъкид дошт. Аз тамоми кураторон даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолиятро дар асоси низомномаи мазкур ба роҳ монанд.
Ҷ. Халифазода дар бораи тақвияти робитаи кураторон бо донишҷӯёни дар хобгоҳ иқоматдошта ибрози андеша намуда, аз ҳолати будубош ва шароити маишии истиқоматӣ дар хобгоҳ бохабар шуданро тавсия дод. Инчунин бобати ҳуҷҷатгузорӣ ва сарулибоси тавсиявии донишҷӯён ба кураторон тавсияҳо дода шуданд.
Бахтовар Давлатов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес