Хабарҳо
Ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ
Бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ санаи 12 октябри соли 2022 дар толори конфронсии донишгоҳ маҳфили умумидонишгоҳии илмӣ- тарбиявии “Чароғи маърифат” бахшида ба Иди Меҳргон баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз раёсати илм ва иноватсия, тарбия ва устодону магистрантон иштирок намуданд.
Ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Далер Сангинов дар мавзуи «Меҳргон ёдгоре аз фарҳанги ниёгон” маърузаи пурмуҳтаво намуд. Ӯ моҳияти Меҳргонро шарҳ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру саодат аст.
Роҳбари маҳфили “Чароғи маърифат” дотсент Асадулло Муллоҷонов дар баромади худ гуфт, ки ориёиҳо аз худ мероси гаронбаҳои фарҳангӣ боқӣ гузоштаанд. Аз зумраи он мероси аҷдодӣ одату ҷашнҳои суннатӣ - Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон мансуб ёфта, дар рушди маънавиёти ҷомеа саҳмгузор аст. Яке аз вижагиҳои муҳимми ҷашнҳои ориёӣ ин аст, ки бар хилофи бисёре аз миллатҳои гуногун баргирифта аз дастурҳои динӣ ва мазҳабӣ набуда, бештар аз падидаҳои иқлимӣ, иҷтимоӣ ва кайҳонӣ мебошад.
Дар анҷом устодон У. Сабуров, А. Давлатзода, С. Мирзоев ва дигарон ба музокира баромада, оид ба мавзуи баррасигардида ибрози ақида намуданд.
Тағоймурод Эшзода