Хабарҳо
Ташаккули худшиносии донишҷӯдухтарон дар меҳвари таваҷҷуҳ
Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зери роҳбарии Ҳакимбек Абдуалимзода ба масъалаҳои мубрами ҳаёти донишҷӯдӯхтарону бонувон, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳад. Шумораи донишҷӯдухтарон низ дар муассиса беш аз пеш афзуда истодааст ва баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҷиҳати дар оянда ба мутахассисони дорои таҷриба ва донишҳои мукаммали касбӣ табдил ёфтанашон ҳама тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, мавриди корбарӣ қарор дода мешавад.
Баҳри дар амал пиёда намудани ин дастуру супоришҳо чанде пеш бо иштироки шахсони мутасаддӣ - Қодирова Бунавшамоҳ, муовини ректор оид ба тарбия, Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, эдвайзерон ва мутахассисони раёсати тарбия бо духтарон вохӯриҳо доир карда шуданд. Дар онҳо бобати масъалаҳои гуногуни марбут ба фаъолнокнамоии донишҷӯдухтарон андешаронӣ карда шуд. Зикр гардид, ки масъалаи фаъолнамоии ҷавондухтарон дар муассиса яке аз мавзуъҳои калидӣ ва мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб меравад ва дар доираи ҳамин мақсадҳо ҳамасола донишҷӯдухтарону бонувон барои таҳсил ба курсҳои омӯзишиву такмилӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон ба масъалаи ташаккули маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯдухтарон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дарҷ карда шуд, ки зарур аст муқаррароти Дастурамали қоидаҳои либоспӯшӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва олии касбӣ пурраву воқеъбинона амалӣ карда шаванд.
Гуфта шуд, ки минбаъд низ раёсати тарбия кори худро дар ин самт ҷоннок намуда, ба масъалаҳои ҳалталаби занону донишҷӯдухтарон саривақт расидагӣ хоҳад кард.
Тахмина Умаралиева, мутахассиси шуъбаи ҷавонон