Хабарҳо
Оғози мусобиқаи футболи хурд миёни донишҷӯён
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: «Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».
Вобаста ба ин, санаи 12 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои шуъба дар майдончаи варзишии донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни донишҷӯёни курсҳои аввали факултетҳои донишгоҳ оғоз гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар мусобиқаи мазкур 6 даста аз факултетҳои донишгоҳ иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ менамояд. Дар даври аввал дастаи мунтахаби факултети иқтисод ва бизнес бо дастаи мунтахаби факултети молия ва қарз қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 4:4 ҳисоб мусовӣ гардид. Ҳамзамон, дастаи мунтахаби факултети ҳисобдорӣ ва омор бо дастаи мунтахаби факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо ҳам қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 2:4 ҳарифро мағлуб намуд.
Мақсади асосии баргузории мусобиқаи варзишӣ, пеш аз ҳама, барои нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим, эҳёи бозиҳои миллии варзишӣ, муаррифии фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дар ҳамин замина, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад.
Ғолибон дар ҷамъбасти мусобиқа муайян гардида, бо Ҷом ва Ифтихорнома қадрдонӣ карда мешаванд.
Тағоймурод Эшзода