Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Фаъолият дар асоси низомнома

Фаъолият дар асоси низомнома

Санаи 13-уми октябри соли 2022 дар толори конфронсии донишгоҳ бо иштироки кураторони факултети молия ва қарз ҷаласа доир гардид. Дар он А. Нурализода, декани факултет, А. Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, А. Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, М. Давлатова, раиси шурои кураторон ва мудирони кафедраҳо ва кураторони факултет иштирок намуданд. 
Сараввал декани факултет ҷаласаро кушода, дар бораи фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ изҳори андеша намуд. Мавсуф қайд намуд, ки бояд дарсҳои тарбиявии кураторон дар сатҳи баланд доир гарданд ва он барои донишҷӯ дарси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ бошад. Зеро дар шароити имрӯза кураторонро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ корҳоро пурзӯр ва ҷоннок намоянд. 
Баъдан А.Муллоҷонов, А. Давлатзода, М. Давлатова ҳангоми баромад қайд намуданд, ки дар баробари дастовардҳо, инчунин, камбудиҳо дар самти дарсҳои тарбиявӣ ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, кураторонро зарур аст, ки аз болои худ кор кунанд, бештар омӯзанд, бо волидайни донишҷӯ робитаро тақвият бахшанд, бо донишҷӯён суҳбатҳои инфиродӣ гузаронанд ва дарсҳои сиёсиро ба роҳ монанд. Дар охир аз тамоми кураторон даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолиятро дар асоси низомнома ба роҳ монанд ва корро ҷоннок намоянд. 


Тағоймурод Эшзода