Хабарҳо
Кори кураторон ҷоннок мегардад
Санаи 12-уми октябр бо ташаббуси садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои кураторони донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Низомномаи Шӯрои кураторон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст, бо иштироки кураторони факултет вохӯрӣ доир гардид. Дар он декани факултет дотсент Д. Хоҷазода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода, раиси шурои кураторон М. Давлатова, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷ. Халифазода, мудирони кафедраҳои марбут ва кураторони гурӯҳҳои академии факултет иштирок намуданд.
Вохӯриро декани факултет оғоз намуда, зикр кард, ки тамоми кураторони гурӯҳҳои академии факултетро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ дар ҷараёни баргузории соатҳои тарбиявӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Баъдан, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода зимни баромад қайд намуд, ки баробари дастоварҳо, инчунин камбудиҳо дар самти дарсҳои тарбиявӣ ба назар мерасад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дарсҳои сиёсиро низ ба роҳ монем.
Раиси шурои кураторони донишгоҳ М. Давлатова дар навбати худ иброз дошт, ки тамоми кураторонро зарур аст, ки дар асоси Низомномаи Шурои кураторон дарсҳои худро ба роҳ монанд. Инчунин, аз будубоши донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ иқомат доранд, мунтазам хабардор бошанд.
Дар охир бобати ҳуҷҷатгузорӣ ва сарулибоси донишҷӯён ба кураторон дастурамали тавсиявӣ дода шуданд.
Ф. Муминов, эдвайзер оид ба тарбияи факултет