Хабарҳо
Маҳфил бахшида ба Рӯзи соҳибкорон
Бахшида ба Рӯзи соҳибкорон бо ташаббуси кафедраи таҳлили иқтисодии факултети ҳисобдорӣ ва омор зермаҳфили «Зеҳн» дар мавзуи «Фаъолияти соҳибкорӣ асоси рушди устувори иқтисодиёти миллӣ» баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати илм ва инноватсия Е.Мирзоева, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ғ.Ғафуров, мудирони кафедраҳо, устодон ва донишҷӯёни ихтисоси -иқтисодиёти таҳлилӣ ва танзими давлатии иқтисоди миллӣ иштирок намуданд.
Дар доираи мавзуи мазкур мутахассиси соҳа директори маркази хизматрасонӣ ва омӯзишии фаъолияти муҳосибон Фаррух Мақсудов маъруза намуда, паҳлӯҳои омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорон, имтиёзҳои андозӣ барои соҳибкорон, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, нишондиҳандаҳои корхонаҳои саноатӣ, таносуби бахши давлатӣ ва ғайридавлатӣ, проблемаҳои рушди соҳибкории саноатӣ дар Тоҷикистон, талаботи асоси нисбати тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва нуктаҳои асосии мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузронро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қайд карда шуд, ки маърузаи илмии имрӯза яке аз мавзуъҳои муҳим буда, ба устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет имконият медиҳад, то аз навгониҳои соҳа огаҳӣ пайдо намоянд.
Дар охир саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.
К.Шодиев, и.в. мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ