Хабарҳо
Мақсад: тарбияи дурусти донишҷӯён
Санаи 17-уми октябри соли 2022 дар толори таълимии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо иштироки кураторон ҷаласа доир гардид. Дар он С.Темурбекова, декани факултет, А. Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, А. Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, М. Давлатова, раиси шурои кураторон, Ҷ. Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, мудирони кафедраҳо ва кураторони факултет иштирок намуданд.
Сараввал декани факултет ҷаласаро кушода, дар бораи фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ, дарсҳои тарбиявии кураторон изҳори андеша намуда, гуфт, ки дар шароити имрӯза кураторонро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ корҳоро пурзӯр ва ҷоннок намоянд. Ҳамчунин, декан дар бораи давомоти донишҷӯён сухан ронда, таклиф намуд, ки бо донишҷӯёни дарсгурез корҳои иловагӣ бурда шавад. Мақсади мо хориҷ кардани донишҷӯён нест, балки тарбия кардани он аст.
Баъдан А.Муллоҷонов, А. Давлатзода, М. Давлатова қайд намуданд, ки кураторонро зарур аст аз болои худ кор кунанд, бо волидайни донишҷӯ робитаро тақвият бахшанд, бо донишҷӯён суҳбатҳои инфиродӣ гузаронанд ва дарсҳои сиёсиро ба роҳ монанд, то ба ин васила, тавонанд дар мутахассиси хуб шудани донишҷӯ тамоми донишу малака ва неруи худро сарф намоянд.
Дар охир аз тамоми кураторон даъват ба амал оварда шуд, ки корро дар самти тарбия ҷоннок намуда, сифати дарсҳои тарбиявиро боло бардоранд.
Шарифхон Гурезов, эдвайзер оид ба тарбия