Хабарҳо
Вохӯрӣ ҷиҳати тақвияти худшиносии миллӣ
Санаи 18-уми октябри соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Файзигул Юсуфзода, мудири бахши таҳсилоти динӣ, Муслиҳиддин Хоҷамирзода ва Қиёмиддин Насриддинов - кормандони кумита атрофи масъалаҳои пешгирӣ аз рӯ овардани баъзе ҷавонон ба фарҳангу анъанаҳои бегона, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва амалҳои хусусияти экстремистиву террористидошта бо устодону донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид.
Дар оғоз муовини ректор оид ба тарбия Бунафшамоҳ Қодирова вохӯриро кушода, иброз дошт, ки ҷавонон, бахусус, донишҷӯёни моро лозим аст бештар ба илму адаб, варзиш, касбомӯзӣ эътибор дода, осори таърихии аҷдодонамонро барои такмили донишу ҷаҳонбинии худ истифода баранд ва барои беҳбудии зиндагии халқ ва ободии диёр содиқона хизмат намоянд.
Сипас, намояндагони кумита Ф.Юсуфзода ва М.Хоҷамирзода ба сухан баромада, дар мавзуи ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии ҷомеа ва самтҳои меҳварии рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон баромад карданд. Ҳамчунин, ҷиҳати ҷойгоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар низоми иҷтимоии кишвар фикру андешаҳои худро баён доштанд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои идеологии он бобати пешгирии проблемаҳои актуаливу ташвишоваре ба монанди таълимоти ғайрирасмии динӣ, гаравидани ҷомеа ба фарҳанги бегона, масъалаҳои экстремистиву террористӣ чораҳои пешгирии ҳамешагӣ андешида истодаанд.
Мо ба ин назар ҳастем, ки мавҷудияти таълимоти ғайрирасмии динӣ ва рӯ овардани ҷомеа ба фарҳанги бегона омили рушди амалҳои хусусияти ифротгароӣ гардида, заминаҳои ҷиддиеро барои ташаккули терроризм ва экстремизм муҳайё менамояд. Аммо дар шароите, ки ҳифзи суботу осоиштагии кишвар барои мо ба унвони беҳтарин масъалаҳои давлатдории миллиамон маҳсуб меёбад, уҳдадории ҳар як фарди ҷомеа ва ҳама сохторҳои пешбарандаи ҷомеа дар он аст, ки бо зуҳуроти номақбул, ба монанди таълимоти ғайрирасмии динӣ ва терроризму экстремизм муборизаҳои ҷиддиву фаъол барем. Аз сӯи дигар тарбияи ҷомеаро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ба унсури меҳварии ҳаёти худ табдил диҳем. Зеро ба ҳамин восита мо метавонем дар роҳи муқовимат бо экстремизму терроризм муваффақ бошем.
Баргузор намудани ин қабил чорабиниҳои муфид барои тақвияти худшиносии миллии донишҷӯён, риояи расму оинҳо мусоидат намуда, барои тарғибу ташвиқи дахлу харҷ дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда ҷиҳати гузаронидани тӯю маъракаҳо дар ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Тағоймурод Эшзода