Хабарҳо
Маҳфилҳои илмӣ ташаккулдиҳандаи маҳорат
Ҳамасола, тибқи нақшаи тасдиқшудаи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, дар факултет маҳфилҳои илмии донишҷӯён барои ташаккули салоҳияти донишҷӯён, ташаккули маҳорати фаъолияти илмию тадқиқотии донишҷӯён дар мавзуъҳои гуногуни иқтисодӣ гузаронида мешавад.
Мақсади асосии гузаронидани маҳфилҳои илмӣ-методӣ барои донишҷӯён тарбия намудани маҳорати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, иштирок дар озмунҳо, конференсияҳои илмии донишҷӯён, олимпиадаҳо ва вусъат бахшидани афкори психологии онҳо мебошад.
Аз ин лиҳоз, тибқи нақшаи маҳфили илмии донишҷӯёни факултет, дар моҳи октябри соли 2022 3 маҳфили илмии донишҷӯён ба назар гирифта шуда, ҳар як кафедра дар санаҳои дарҷшудаи нақша маҳфилҳои илмии худро бо иштироки донишҷӯён ва устодон гузарониданд.
Аз ҷумла, кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ санаи 17-уми октябри соли равон маҳфили илмии донишҷӯёнро дар мавзуи “Менеҷменти ҳолати низоӣ” дар факултет гузаронида, аъзоёни маҳфил донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси иқтисоди ҷаҳон Аъзамов Комрон ва Худоёрова Зуҳал бо забонҳои русӣ ва англисӣ зери роҳбарии муаллимаи кафедра Хоҷахонова Г. баромад намуданд.
Пас аз баромади донишҷӯён муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Носирзода Ҳ.С. суханронӣ карда, қайд кард, ки мақсад аз ташкили чунин маҳфилҳои илмӣ миёни донишҷӯён бедор кардани завқи донишҷӯ ба илм ва беҳтар намудани савияи дониши онҳо мебошад. Гуфта шуд, ки сар задани низоъ аз рӯйи надонистани психологияи шахс мебошад. Зеро аз рӯйи надонистани психологияи шахс метавонад низоъ байни коллектив, байни сарҳадҳо ва дигар масъалаҳои муҳим ба вуқуъ ояд.
Мудири кафедра Давлатшоева З.М. низ қайд намуд, ки мавзуи интихобнамудаи донишҷӯён мавзуи актуалӣ буда, метавон гуфт, ки ҳалли мушкилоти баамаломадаи низоъ байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро низ дар ин мавзуъ донишҷӯён дар якоҷягӣ бо роҳбар ҷой диҳанд ва омилҳои бартарафсозии низоъ байни давлатҳоро қайд намоянд.
Файзуллоева С., н.и.и., муаллими калони кафедра низ дар ҳошияи суханҳои мудири кафедра қайд намуд, ки низоъҳо метавонанд ҳангоми тақсимоти меҳнат, якдигарнофаҳмӣ миёни коллектив рух диҳанд. Аз ин рӯ, бартарафсозии ин масъала бениҳоят мураккаб буда, ҳалли он бениҳоят душвор мебошад.