Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Китоб - беҳтарин ганҷинаи ҳастӣ

Китоб - беҳтарин ганҷинаи ҳастӣ

Бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ дар ҳамкорӣ бо раёсати илм ва инноватсия ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳо дар хобгоҳи №2-и донишгоҳ санаи 17 октябри соли равон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Китоб - беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ» баргузор гардид, ки дар он А. Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия, Ҷ. Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва дигар кормандону донишҷӯён иштирок намуданд. 
Чорабиниро А. Давлатзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки китоб дӯст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон аст. Китоб ҳам дору ва ҳам дармони ҳама дардҳои маънавии инсон аст. Ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣ нуҳуфтааст. Ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Ойинаест, ки инсон тамоми камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонад. Хазинаест, ки тамаддуну маърифати миллати мо ва ҳама миллати сайёра дар оғӯшаш аст. Дар ҳақиқат, ин ҳама гуфтаҳо арзандаи китоб мебошанд. 
Баъдан, Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия баромад намуда, иброз дошт, ки шукр мекунем, ки китоб аст. Инсон ва китоб ин ду мафҳумҳое мебошанд, ки инҳоро аз ҳам ҷудо кардан ғайриимкон аст. Агар китоб набошад, инсон аз чӣ баҳра мегирад ва агар инсон набошад, кӣ китобро мутолиа мекунад. 
Пас аз суханронии нотиқон миёни донишҷӯён аз китобҳои мутолиа намудаашон саволу ҷавоб ва нақлҳои ҷолиб доир гардид, ки ҷамъомадро хотирмон гардонид. 


Тағоймурод Эшзода