Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Фурӯғи андеша» донишҷӯёнро фаъол месозад.

«Фурӯғи андеша» донишҷӯёнро фаъол месозад.

18 октябри соли равон бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нахустин маҳфили «Фурӯғи андеша» бо ҷалби донишҷӯёни хобгоҳҳо доир гардид, ки дар он Бунавшамоҳ Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия, Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, Ҷовидон Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва дигар масъулони раёсат ширкату суханронӣ намуданд. 
Дар маҳфил масъалаи «Ҷойгоҳи ғояҳои ваҳдатсолории Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории миллӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки барои ҳозирин бисёр ҷолиб буд. Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои муҳим дар хобгоҳҳои донишгоҳ барои баланд бардоштани савияи дониши сиёсии донишҷӯён мусоидат намуда, масъулияти эшонро дар омӯхтану аз бар намудани донишҳои замонавӣ боло мебардорад. 
Дар анҷом, ширкаткунандагон тасмим гирифтанд, ки минбаъд маҳфил ба таври ҳамешагӣ баргузор мегардад ва дар он олимону донишмандон низ даъват хоҳанд шуд.