Хабарҳо
Мақсад - баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот
Санаи 19-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи омори факултети ҳисобдорӣ ва омор дар толори конфронсии донишгоҳ мизи мудаввари донишгоҳӣ бахшида ба рӯзи «Оморчиёни ҷаҳон» дар мавзуи «Нақши омори давлатӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ» бо иштироки доираи васеи донишҷӯён ва устодон баргузор гардид.
Онро бо сухани ифтитоҳӣ Фирӯз Кодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ кушода, қайд намуд, ки баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Баъдан, дотсентони кафедраи омор Назар Солиев дар мавзуи «Нақши омор дар ташаккул ва рушди малакаи касбии мутахассисони соҳаи иқтисод», Саъдихуҷа Маъдиев дар мавзуи «Аҳаммияти омор ва муҳтавои он дар замони муосир» ва сармутахассиси Раёсати нархи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Манонова дар мавзуи «Рушди амалияи омори давлат дар 31 соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромади пурмуҳтаво намуданд.
Нотиқон, аз ҷумла қайд намуданд, ки самаранокии танзими давлатӣ, аз як ҷониб – ин самарабахшии фаъолияти давлат ҳамчун ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ, муназзимии равандҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва, аз дигар ҷониб – мақомот, ки бо амрҳои ҳатмии худ барои шартҳои амалигардонии муносибатҳои бозорӣ таъсир расонида, ҳамчун моликиятдори калон ва иштирокчии муносибатҳои бозорӣ баромад менамояд. Бар замми ин, вазифаи асосии танзими давлатӣ ин баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар қисмати муҳокимавии мизи мудаввар устодону донишҷӯён суханронӣ намуда, ба суолҳои додашуда ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда доданд.
Тағоймурод Эшзода