Хабарҳо
Вохӯрии ректор бо истиқоматкунандагони хобгоҳ
Шоми 19 октябри соли равон Ҳокимбек Абдуалимзода, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳҳои донишгоҳ мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаи муҳайё намудани шароитҳои муосири будубоши донишҷӯён дар хобгоҳ, ташаккули фаъолияти китобхонаи хобгоҳ, ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи электронии хобгоҳ, баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, мизҳои мудаввару семинарҳо ва маҳфилҳои илмӣ доир ба мавзуъҳои актуалии замон, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайёҳӣ, баргузории озмунҳо, омодагӣ ба масъалаи зимистонгузаронӣ дар солҳои 2022-2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дастур дода шуд, ки дар камтарин фурсат фаъолияти китобхонаҳои хобгоҳҳои донишгоҳ пурра бозсозӣ карда шавад, то донишҷӯён дар фурсати муносибу зарурӣ имкони дастрасии китобҳои лозимиро пайдо намоянд. Аз сӯи дигар, масъулин вазифадор карда шуданд, ки маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ, сиёсиву ҷамъиятӣ, сайёҳиву чорабиниҳои варзишӣ пурра фаъол гардида, масъалаи даъвати донишмандону мутахассисон, адибону шоирон, ҷомеашиносону таҳлилгарони равандҳои сиёсӣ ба маҳфилҳо зарурӣ дониста шуд.
Ҳамзамон, зимни мулоқот масъалаи истифодабарии технологияи иттилоотӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода шуда, маърифати техникиву иттилоотӣ ва фарҳанги истифодаи сомонаҳои иттилоотиву иҷтимоӣ аз тарафи донишҷӯён густариш дода шавад.
Инчунин, зарур шуморида шуд, ки ҷадвали батанзимдарории истифодаи вақт барои донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳ таҳия гардида, мувофиқи он донишҷӯён ба истифодаи самараноки вақт водор карда шаванд.
Зимни мулоқот ректор ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар бораи шароити мусоиди будубоши донишҷӯён изҳори андеша намуд ва аз масъулин талаб кард, ки самаранокии истифодаи ҳама имкониятҳои иҷтимоиву маиширо ба роҳ монанд.
Ҷовидон Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони ДДМИТ