Хабарҳо
Фурӯғе дар даргоҳи маърифат
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки толибилмони донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва номи ДДМИТ-ро баланд мегардонанд, ки ин шарафи мост.
Инак, рӯзҳои 27-29-уми сентябри соли равон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯйи ҳафт номинатсия баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни ДДМИТ фаъолона иштирок намуда, шарафи донишгоҳро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар боз ҳам баланд бардоштанд.
Ҳамин тавр, дар натиҷа, Панявин Михаил Леонидович - магистранти курси 1-уми ихтисоси молия ва қарз аз рӯйи номинатсияи “Технологияҳои иттилоотӣ” соҳиби ҷойи 1-ум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва шоҳҷоизаи ин номинатсия гардид. Аниса Давлатзода - донишҷӯйи курси 2-юми факултети молия ва қарз бошад, аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” соҳиби ҷойи 3-юм ва бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки донишҷӯёни мо ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд, ки он моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, таҳти №АП-155 баргузор мегардад. Озмуни мазкур бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки васеи донишҷӯён, магистрантону докторон аз рӯи ихтисос (PhD) ва омӯзгорон гузаронида мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
Ҳамзамон, намояндагони ДДМИТ дар Олимпиадаи байналмилалии «Бехатарии молиявӣ», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия, рӯзҳои 10-14 октябри соли равон доир гардид, фаъолона иштирок намуданд. Донишгоҳро дар ин озмун муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров, Мирсаидов Некбахт, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт аз фанни «Бехатарии информатсионӣ», Рабизода Маҳваш, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси кори бонкӣ ва Ҷӯрахонов Муҳаммадамир, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси молия аз фанни «Бехатарии молиявӣ» намояндагӣ карданд.
Бояд қайд намуд, ки дар олимпида 500 нафар иштирокчӣ аз 12 давлати ҷаҳон ширкат доштанд. Донишҷӯёни ДДМИТ дар «Мастер классҳо», ки дар мавзуъҳои «Бехатарии молиявӣ», «Фарогирии молиявӣ», «Идоракунии молиявӣ», «Кибератака» ва ғайра баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, соҳиби Сертификатҳо гаштанд.
Дар ҳошияи олимпиада Форуми байналмилалии «Бехатарии молиявӣ» баргузор гардид, ки дар бахши «Маърифати молиявӣ» муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров дар мавзуи «Рушди маърифати молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, вобаста ба «Стратегияи фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва дигар чорабиниҳои дар ин самт баанҷомрасида маълумот дод.
Ҳамин тавр, устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ дар арсаи байналмилалӣ таълимгоҳро муаррифӣ намуда, соҳиби сертификатҳо гардиданд, ки ин ҳам як дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад.
Ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода зимни ҷаласаи махсус ғолибонро бо ин муваффақият таҳният намуда, барояшон дар оянда барору комёбӣ ва фатҳи қуллаҳои навро орзу намуд.
Дар идома ректор иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ташкили озмунҳои “Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун бо мақсади тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифати мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Ба таъкиди Ҳ. Абдуалимзода донишҷӯёни моро мебояд, ки ҳамқадами замон бошанд ва аз илму технологияҳои муосир воқиф гарданд, зеро барои иқтисодчӣ донистани фанҳои дақиқ зарур дониста мешавад.
Дар охир ректор ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” ба иштирокчиён барору комёбӣ хоста, дастур дод, ки дар он бо омодагии ҷиддӣ ва ҳаматарафа ширкат варзанд ва эътибори таълимгоҳро боз баландтар бардоранд.
Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия