Хабарҳо
Фалокатҳоро бо ҳам бартараф месозем
Бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи суғурта санаи 21-уми октябри соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои бозори суғурта ва роҳҳои ҳалли онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Сараввал муовини ректор оид ба таълим, Баҳром Сафаров ба сухан баромада, қайд кард, ки суғурта ҷузъи ҷудонашавандаи молия ба ҳисоб рафта, шакли махсуси соҳибкории молиявӣ мебошад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ нақши суғурта рӯз то рӯз афзуда, он ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои минбаъд беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ алоқамандии байни амалия ва назария хеле зарур аст. Бинобар ин, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввар Муҳарама Раҳмонова, агенти шӯъбаи маркетингии ташкилоти суғуртавии ҶДММ «Муин» дар мавзӯи «Раванди воқеии бастани шартномаи суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда қайд намуд, ки суғурта ҳамон вақт рушд мекунад, ки агар талаботи ҷомеа ба ин соҳа зиёд бошад ва назорати давлатӣ аз болои фаъолияти ширкатҳои суғуртакунанда ва суғурташаванда дар сатҳи баланд қарор дошта бошад. Назорат ба он хотир аст, ки оё маблағи ҷуброн пурра ба дасти зарардида мерасад ё не?! Вақте ки зарар пурра бартараф мешавад, одамон ба суғуртакунӣ ҳавасманд мешаванд ва ба суғурта боварӣ ҳосил карда, молу амволашонро суғурта менамоянд. Номбурда таъкид кард, ки барои корманди суғурта дар замони муосир доштани муоширати хуб бо мизоҷон ва донистани забонҳои хориҷӣ ҳатмист.
Баргузор намудани чунин мизи мудаввари донишгоҳӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ба манфиати ҳамагон буда, он дар пешрафти иқтисодии давлат ва рушди суғурта такони ҷиддие хоҳад бахшид.
Тағоймурод Эшзода